Вохӯрӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

25.01.2022 13:52

24 январи 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид  Ал - Сақафӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ намуданд.

Дар ин росто, ба аҳаммияти баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар давоми соли 2022 таъкид шуд.

AK5I6458.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим