Иштирок дар Конфронси илмӣ-амалӣ дар Ашқобод

24.01.2022 13:55

21 январи 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ф.Ҳ. Шарифзода дар Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба нашри китобҳо: «Мусоҳибаи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо васоити ахбори оммаи байналмилалӣ», «15-умин Нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ» ва «Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ», ки дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумкулӣ баргузор шуд, ширкат варзид.

Дар конфронс Муовини раиси Девони вазирон, Президенти Академияи илмҳои Туркманистон С. Тойлиев, роҳбарону кормандони вазорату идораҳои Туркманистон, корпуси дипломатии муқими Туркманистон, намояндагони васоити ахбори омма, ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва донишҷӯёну аспирантҳо иштирок намуданд.

Зимни конфронс Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон дар мавзӯи: «Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – фазои некӯҳамсоягӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди устувор» суханронӣ намуд.

Дар баромаи худ Ф.Ҳ. Шарифзода аҳаммияти таърихии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» 6 августи соли 2021 баргузор гардид, дар таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи халқҳои бародари Осиёи Марказӣ таъкид кард. Зикр гардид, ки вохӯрии мазкур имконияти баррасии ҳамаҷонибаи самтҳо ва абзорҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавиро фароҳам овард.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷониби Туркманистон ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастгирӣ ва инъикоси ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавии Тоҷикистон дар Санади ниҳоии Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба вежа   чунин ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили баргузории Конфронси СММ доир ба шарҳи миёнамӯҳлати раванди расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028, Эълон намудани соли 2025  ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо изҳори сипос намуд.

Tajik-Ambassador-to-Turkmenistan-24-01-2022-1.jpg

Tajik-Ambassador-to-Turkmenistan-24-01-2022-3.jpg

Tajik-Ambassador-to-Turkmenistan-24-01-2022-2.jpg

Нигористон

Тақвим