Вохурӣ бо Муовини вазири энергетика ва захираҳои табии Туркия

20.01.2022 15:37

20 январи соли 2022 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Муовини вазири энергетика ва захираҳои табии Туркия Алпарслан Байрактар, баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳо ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Соҳаи мазкур бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб менамояд. Дар баробари ин, Тоҷикистон бо чаҳор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ оид ба об, яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои обӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон вохуриҳои маҷозӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳи дар фурсати наздик ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия, сафарбар менамоянд.

Turkey-Ambassador-20-01-2022.jpeg

Нигористон

Тақвим