11 январи 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Муассисаи рушди сабзи ҷаҳонӣ Бан Ки-Мун сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мемонанд.