Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт

11.01.2022 14:09

10 январи 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои созмонҳои байналмилалӣ Абдулазиз ал- Ҷоруллоҳ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳамкориҳоро таъкид намуданд.

State of Kuwait 11 01 2022.jpeg

Нигористон

Тақвим