7 январи 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сокро қабул кард.
Дар мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Кореяро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.