Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Украина

01.01.2022 11:57

30 декабри 2021 дар Киев вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин  робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришаванда мусбат арзёбӣ шуданд.

Ҳамзамон дар рафти суҳбат роҷеъ ба нақшаҳо барои соли оянда, аз ҷумла, гузаронидани машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар, форуми соҳибкорони тоҷикистонӣ украинӣ, таҷлили 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Украина, инчунин барқарор кардани хатсайрҳои мустақими ҳавоии Душанбе-Киев-Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.

20211230-150538.jpg

20211230-150157.jpg

Нигористон

Тақвим