Вохӯрӣ бо Раиси Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон

19.12.2021 08:58

18 декабри 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни сафари расмии худ бо Раиси Лок Сабҳа - Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Ом Бирла мулоқот намуд.

Ом Бирла бо изҳори таҳсин аз ҳолати феълии робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид кард, ки густариши баъдии он, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзӯъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суҳбати пурмуҳтаво аҳаммияти рушди ҳамкориҳои бештар миёни парлумонҳои ду кишварро ба мақсади мусоидат дар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба қайд намуд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи дурнамои равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.

India - Parliament 19 12 2021 2.jpg

India - Parliament 19 12 2021.jpgIndia - Parliament 19 12 2021 3.jpg

Нигористон

Тақвим