8 декабри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашраф Гулов бо Вазири кор бо оила ва хизматрасонии иҷтимоии Туркия Деря Яник баргузор гардид.
Зимни вохурӣ масъалаҳои мубодилаи дониш, таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳоли мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷонибҳо аҳаммияти оиларо дар ҷомеа қайд карданд. А. Гулов иттилоъ дод, ки дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Ҳамсуҳбатон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва иҷрои бандҳои мухталифи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъсис намудани гурӯҳи кориро ҳамоҳанг намуданд.