8 декабри 2021 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷи Ди Майо баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҳар ду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия баррасӣ намуданд.
Инчунин, миёни ҷонибҳо роҷеъ ба дигар масъалаҳои мубрами минтақа, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.