8 декабри 2021 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзӯъҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.