8 декабри 2021 дар шаҳри Тошканд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар кори Конфронси дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 ширкат варзид.
Дар рафти Конфронси мазкур масоили вобаста ба хатару чолишҳои замони муассир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти иқтисодӣ ва тандурустӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни Италия ва Осиёи Марказӣ матраҳ шуданд.