Вохурии Сафир бо Вазири саноат ва технологияҳои Туркия

03.12.2021 15:59

3 декабри соли 2021 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия  А. Гулов бо Вазири саноат ва технологияҳои Туркия-Ҳамраиси қисмати туркии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Мустафа Варанк баргузор гардид.

Зимни вохурӣ тарафайн оид ба корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои Нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои иқтисодии зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасишударо, мавриди пайгирии амиқ қарор диҳанд.  

Turkey-03-12-2021.jpg


 

Нигористон

Тақвим