Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА

03.12.2021 04:28

2 декабри 2021 дар шаҳри Стокҳолм Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид дар ҳошияи 28-ум иҷлоси Шӯрои вазирони САҲА вохӯрӣ намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА дар асоси се ченаки созмон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, ташаббусҳои байналмилалии кишвар марбут ба масоили об ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

FM & H.Shmid 02122021.jpeg

Нигористон

Тақвим