2 декабри 2021 дар шаҳри Стокҳолм дар ҳошияи нишасти 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгар Ринкевич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба раванди равобити дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо, ҳамкориҳои муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
