2 декабри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто дар ҳошияи нишасти 28-уми Шӯрои вазироник хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ мавзӯъҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, варзиш, тандурусӣ, дастгирии иқдомҳои ду кишвар дар абзорҳои байналмилалию минтақавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.


