Иштироки муовини вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи мавзӯии Саммити Будапешт

02.12.2021 17:22

2 декабри 2021 дар шаҳри Будапешт муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар ҷаласаи мавзӯии Саммити Будапешт зери унвони “Маблағгузории рушди устувор” ширкат ва суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон ишора намуда, бар зарурати фароҳам овардани шароит барои сармоягузории «сабз» дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъкид кард.

Шараф Шерализода инчунин таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ҷалб намуд.

Нигористон

Тақвим