Иштироки Сафири Тоҷикистон дар брифинг оид ба натиҷаҳои 15-умин нишасти сарони давлатҳои СҲИ

02.12.2021 11:13

29 ноябри 2021 дар Ашқобод Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода дар брифинг оид ба натиҷаҳои 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Брифингро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов оғоз намуд. Дар брифинг инчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Туркманистон, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Туркманистон, Роҳбари маркази САҲА дар Ашқобод ва Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ, Раиси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ суханронӣ карданд.

Зимни брифинг ҷонибҳо тавофуқоти дар натиҷаи ҷаласаҳои 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва 15-умин Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ 27 ва 28 ноябри соли ҷорӣ бадастомадаро қайд намуда, тасмими кишварҳои узвро барои суръат бахшидан ба раванди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн ба мақсади табдил додани СҲИ ба сохтори фаъол ва самарабахши иқтисодии минтақавӣ таъкид карданд. Таваҷҷуҳи ширкаткунандагон ба ҳамкориҳои нақлиётиву транзитӣ, иқлимӣ ва энергетика дода шуд.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми пешниҳоду ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон гуногунҷабҳа ва хусусияти глобалӣ доранд. Ҷониби Туркманистон аз пешниҳодҳои Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, рӯзномаи иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, бахши нақлиёту логистика ҷонибдорӣ намуда, омодагиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар пешбурди ин ташаббусҳои глобалии кишвар ҳам дар доираи Созмони ҳамкории иктисодӣ ва ҳам дар дигар сиғаву арсаҳои иброз кард.

Иштирокдорони брифинг ҳамчунин қайд карданд, ки қабули санади ниҳоии 15-умин Нишаст «Консунсуси Ашқобод оид ба амал» ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои узви СҲИ мусоидат намуда, амният ва суботи умумиро таъмин мекунад ва ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа такон мебахшад.

ECO-BRIEFING-3.jpgECO-BRIEFING-1.jpgECO-BRIEFING-2.jpg

Нигористон

Тақвим