3 июни соли 2015 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ ва зарурати таҳкими робитаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро баҳри тавсеа ва рушди бемайлони ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳо таъкид намуданд.
Дар атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.