Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

27.11.2021 10:33

26 ноябри соли 2021 дар шаҳри Ашқобод вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн, табодули афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо аҳамияти тезонидани татбиқи тавофуқоти зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар моҳи августи соли 2021 ҳосилшударо, таъкид намуданд. 

Тамаркузи махсус ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла иқтисодиёт, савдо, бахши сӯзишворию энергетикӣ, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ, обию мелиоративӣ, саноати сабук ва коркардашуда ва ғайра зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо афзун гардидани теъдоди нишондоҳандаҳои табодули молро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати тавсеа ва густариши савдои муштарак дар дурнамои наздик иброз намуданд.

Дар зимн, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди ҷонибҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Миллали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар остонаи баргузории ҷаласаи 25-уми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷӣ ва 15-умин Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ашқобод, ба сатҳи ҳамкории муштараки ҳусни эътимод ва созанда дар чаҳорчӯби Созмони мазкур дар тӯли 29 соли фаъолияти он, баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон инчунин Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин иштирок намуданд. 

Нигористон

Тақвим