2 июни соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гуногунҷабҳаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи рушди раванди демократикунонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими иқтидори ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев иштирок намуд.