2 июни соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои риояи озодии сухан ва эътиқод дар ҷумҳурӣ, тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба кӯмаки ҳуқуқӣ, муносибат бо Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи занон ва фарзандони муҳоҷиронро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев иштирок намуд.