16 ноябри соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия А. Гулов бо Волии шаҳри Анқара Васип Шаҳин баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар, бахусус бо шаҳри Анқара дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.