Ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи раванди Истамбул оид ба Афғонистон

28.05.2015 14:26

25 майи соли 2015  дар шаҳри Исломобод ҷаласаи Шахсони мансабдорони аршади давлатҳои аъзои раванди Истамбул оид ба Афғонистон «Қалби Осиё»  баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов намояндагӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами рушди раванди ҷараёни Истамбул, вазъи амният дар Афғонистон ва дар минтақа, ҳамчунин лоиҳаҳои афзалиятнок дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои CASA-1000, Коридори иқтисодии Чину Покистон, сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин лоиҳаи ТАПИ баррасӣ гардиданд.

Диққати муҳим дар ҷаласаи мазкур масъалаи рӯзномаи Конфронси қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии раванди Истамбул оид ба Афғонистон «Қалби Осиё»  масъалаҳои афзоиши ифротгароӣ ва терроризм дар қаламрави Афғонистон, ҳамчун омили амният дар минтақа дар бар гирифт.

Нигористон

Тақвим