Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Қоҳира

27.05.2015 10:42

26 майи 2015 устондори Қоҳира Ҷалол Саид Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд. Дар партави густариши муносибатҳои ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Миср аҳаммияти барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид шуд.

Қоҳира, ки ҳоло беш аз 10 млн нафар аҳолӣ дорад, дар соли 969 дар канори рӯди Нил бунёд гардида, дорои осори фаровони арзишманди таърихӣ мебошад. Мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав дар қарни ХI мелодӣ аз пойтахти Фотимиён боздид намуда, Қоҳираро дар “Сафарнома”-и худ шаҳре камназир меномад.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Қоҳира

Нигористон

Тақвим