27 октябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар ҷаласаи маҷозии шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок кард.
Дар кори ҷаласа натиҷаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина таҳлил ва ҷамъбаст карда шуданд.
Дар фарҷоми кори ҷаласа Протокол ба имзо расид, ки дар он тадбирҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун инъикос шуданд.