27 октябри 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пиннаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ иқтисодию гуманитарӣ ва мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилаию минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, муаррифии имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистону Италия қарор дода шуд.