19 октябри соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират дар мавзӯи “Бознигарии сиёсати муҳоҷират: чолишҳо, имконот ва стратегияҳо” ширкат варзид.
Конфронси мазкур ба масъалаҳои марбут ба вазъи кунунии муҳоҷират дар минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла таъсири таҳавулоти сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон дар ин раванд бахшида шуда буд.
Дар ҳамоиш Ш. Шерализода ба ҳайси гузоришгари калидӣ дар мавзӯи авлавиятҳои кунунӣ ва ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба вазъият дар Афғонистон мавқеи Тоҷикистонро ироа кард. Дар интиҳои нишаст ӯ ба саволҳои ҳозирин роҷеъ ба мавзӯъ посух дод.

