19 октябри 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои ду кишварро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид карданд.