15 октябри 2021 дар Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии (муовини вазир) Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт.
Дар суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиш додани ҳаҷми табодули мол, мустаҳкам кардани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.