Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Молдова

14.10.2021 17:32

14 октябри соли 2021 дар ш.Кишинёв маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода ба Президенти Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду баргузор гардид.

Сипас мулоқоти Сафир бо Президенти Молдова сурат гирифт, ки дар рафти он Президенти Молдова Сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мансаб табрик намуда, вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Молдова ибрози андеша намуд.

Сафир таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду расонида, иброз намуд, ки барои рушду таҳкими муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар хоҳад кард.

Moldova-Preziendt.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим