12 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии дар назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (“АСАН Хидмат”) Улви Меҳдиев баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар таъсис ва такмили системаи хизматрасонии босифати давлатӣ ба аҳолиро мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
У.Меҳдиев қайд намуд, ҳадаф аз таъсиси марказ фароҳам овардани осонӣ ва шаффофият барои шаҳрвандон дар расонидани хидматҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, истисно кардани ҳолатҳои коррупсия, истифодаи технологияҳои муосир ва принсипи “фазои ягона” мебошад. Инчунин дар бораи ҳадафҳои таъсис, самтҳои фаъолият ва хидматҳои “АСАН Хидмэт” маълумоти муфассал дода шуд.
Дар навбати худ, Р.Солӣ бо ишора ба ҳамкориҳои муваффақонаи Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори умедворӣ карданд, ки фаъолияти агентии давлатии “АСАН Хидмат” дар ин ҳамкорӣ мавқеи махсусро ишғол хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот У.Меҳдиев омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти таъсиси системаи қулай, шаффоф ва босифати хидматрасонии давлатӣ, инчунин рақамисозии ҳуҷҷатгузорӣ ва маълумоти шахсӣ баён намуд.