8 октябри 2021 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагул баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар заминаҳои гуногун, нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.