7 октябри 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири саноат ва технологияи Туркия/Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Мустафа Варанк баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 11-13 октябри 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки миёни кишварҳо иқтидори зиёд барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ мавҷуд мебошад ва бинобар ин ташаббусҳои бахши хусусии Тоҷикистону Туркия дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мулоқоти муфид барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, сурат гирифт.