Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон

08.10.2021 10:13

7 октябри 2021 мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Равшан Наҷаф ҷиҳати баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя баргузор гардид.

Дар нишаст муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Умед Солеҳзода, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ ва Сафири Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оглу Аскаров, роҳбарони ширкатҳои озарӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои шарикӣ дар кишварҳои якдигар, инчунин марказҳои муштараки логистикӣ дар Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Ҷонибҳо мавқеи ҳамсонро барои рушди имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳо дар сатҳи давлатӣ ва миёни намояндагони бахши хусусии ду кишвар мувофиқа намуда, танзими мунтазами анҷуману ҳамоишҳои соҳибкории хурду миёнаро ҳамчун нақши муассир дар тавсияи ин самт донистанд.

16-07-10-2021-10-12.jpg

Нигористон

Тақвим