Ҷаласаи Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ

01.10.2021 17:41

1 октябри 2021 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аъзои Гурӯҳи корӣ ва сармоягузорони дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд. 

Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Гурӯҳи корӣ, мундариҷаи “Роҳнамои сармоягузорон”, бознигарии шакли шиносномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мушкилоти сармоягузорони дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

PS7A9595-2-MFA-01-10-21.jpg

Нигористон

Тақвим