7 майи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон Виорел Гутсуро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои FAO дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.