Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Москва

25.09.2021 10:44

24 сентябри 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд.

Дар нишаст роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар фазои ИДМ-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин ҳисоботҳои мақомоти Созмон оид ба ҳамкориҳои соҳавӣ шунида шуданд.

Лоиҳаҳои Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар давраи то соли 2030 мувофиқа шуда, барои шомил намудан ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо пешниҳод шуданд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

6-CIS-24-09-2021-2.jpg

7-CIS-24-09-2021-2.jpg
 

Нигористон

Тақвим