Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

25.09.2021 10:37

23 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок ва суханронӣ намуд.

Намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ ба аҳаммияти татбиқи Барномаи амали Вена (VPoA) ишора намуда, онро шарти зарурӣ барои ҳамгироии кишварҳои LLDC ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) унвон кард. Тадбирҳои андешидаи ҷониби мо ҷиҳати рафъи оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, аз ҷумлаи мавзӯъҳои дигаре буданд, ки дар суханронии намояндаи мо инъикос гаштанд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон инчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва нақлиёт рӯй оварда, онҳоро ҳамчун самтҳои авлавиятноки Тоҷикистон унвон кард ва аз кишварҳои узви Гурӯҳи LLDC даъват намуд, ки аз имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ҷиҳати мусоидат ба татбиқи саривақтии ҲРУ-6 пурра истифода баранд. 

Нигористон

Тақвим