Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика

25.09.2021 09:22

24 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика иштирок ва суханронӣ намуд.

Муколамаи мазкур, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш танзим гардид, барои баррасии дурнамо ва имкониятҳо ҷиҳати суръат бахшидани кӯшишҳо барои таъмини энергияи дастрасу тоза барои ҳама заминаро фароҳам овард.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор таъкид намуда, ба ширкаткунандагони ҳамоиши сатҳи баланд оид ба иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар ин самт маълумот дод.

energy-24-09-2021-09-03.png

Нигористон

Тақвим