Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Саммити СММ оид ба низомҳои озуқаворӣ

25.09.2021 09:02

23-24 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Саммити СММ оид ба низомҳои озуқаворӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамоиши сатҳи баланди мазкур барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари роҳбарони давлату ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷуғрофии минтақавӣ ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имконият фароҳам овард. 

Зимни суханронӣ С. Муҳриддин аҳаммияти рушди соҳаи кишоварзиро тавассути истифодаи фанновариҳои нав ҷиҳати коҳиши таъсири манфии омилҳои мухталиф ба муҳити зист ва роҳандозии иқтисоди сабз таъкид карда, ба иштирокдорони саммит роҷеъ ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хусусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дод.

Snimok-ekrana-2021-09-24-v-14-40-18.png

Snimok-ekrana-2021-09-24-v-11-25-55.png

Нигористон

Тақвим