Мулоқот бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон

24.09.2021 11:19

23 сентябри 2021 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагул баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаи ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Тоҷикистон 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ намуданд.

Инчунин дар рафти суҳбат масъалаҳои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуданд.

IMG-5831.jpg

 

Нигористон

Тақвим