Чорабинии канории сатҳи баланд зимни Ҳафтаи сатҳи баланди МУ СММ зери унвони “Таъсири дигаргунии дастрасии обҳои аз ях ва барф тавлидшуда ба ҷомеаи мо”

23.09.2021 09:45

22 сентябри 2021 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои доимии кишварҳои Маҷористон, Покистон, Непал ва Россия, инчунин Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA), Барнома СММ оид ба муҳити зист (UNEP), Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO), ниҳоди СММ-об (UN Water) ва Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО (UNESCO IHP) чорабинии канории сатҳи баландро зери унвони “Таъсири дигаргунии дастрасии обҳои аз ях ва барф тавлидшуда ба ҷомеаи мо” баргузор намуд. 

Чорабинии мазкур дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 76 -уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки зиёда аз 70 намояндаи кишварҳои узв ва созмонҳои байналмилалӣ доир гардида, мавзӯи асосии он ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва алоқамандии иқлим бо дастрасӣ ба об бахшида шуда буд. Маъракаи зикршуда аз ду панел, аз ҷумла панели сатҳи баланд ва панели коршиносон иборат буд. 

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба маъракаи мазкур ҳусни оғоз бахшида, аз таъсири тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ ба об ва аҳаммияти ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфт. 

Бояд тазаккур дод, ки зимни панели сатҳи баланд Президенти иҷлоси 76 -уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Маҷористон, Покистон, инчунин Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас, Ёвари директори генералии ЮНЕСКО хонум Шамила Наир Бедуэлле, Директори бахши глобалии Бонки ҷаҳонӣ оид ба об хонум Ҷениффер Сара иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни чорабинии номбурда бештари иштирокдорон аз ташаббуси навбатии кишвар дар робита ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиярхҳо истиқбол намуда, омодагии хешро ҷиҳати дастгирии ин иқдоми муҳим дар арсаи байналмилалӣ изҳор карданд. 

UN-22-09-2021-09-46-2.jpg

UN-22-09-2021-09-45-1.jpg

Нигористон

Тақвим