Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ёвари вежаи Президенти ИМА

23.09.2021 09:18

22 сентябри 2021 дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари вежаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Мудири аршад оид ба Россия ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, аз ҷумла вазъи сиёсию амниятӣ дар ин кишвар табодули назар карданд.

IMG-20210922-WA0034-2-22-09-2021.jpg

Нигористон

Тақвим