Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти вазирони қолаби “С5+1”

23.09.2021 08:51

22 сентябри 2021 дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби “С5+1” баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи муштарак байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

IMG-20210922-WA0041-22-09-2021-18-00.jpg

Нигористон

Тақвим