Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания

22.09.2021 16:38

21 сентябри 2021 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо карданд.  

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин аҳаммияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Мавританияро таъкид карданд.

Istiqrori-munosibathoi-diplomati-bo-mavritaniya-21-09-2021.jpg

Нигористон

Тақвим