Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири тиҷорати Покистон

05.05.2015 17:02

4 майи соли 2015 муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири федеролии тиҷорати Ҷумҳурии исломии Покистон Хуррам Дастгир Хан мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро мавриди табодули назар қарор дода, аҳамияти созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро, ки матни он барои тақвияти тиҷорат дар минтақа дар доираи ҷаласаҳои коршиносони се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст, таъкид карданд.

Ҷонибҳо манфиатдории худро ба истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвари дӯст баён карданд.

Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири тиҷорати Покистон Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири тиҷорати Покистон

Нигористон

Тақвим