30 апрели соли 2015 Муовини вазири корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Намояндаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд Акбар Алӣ Песнаниро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи лоиҳаҳои Ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон табодули назар карданд.