10 сентябри 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инам Каримов, ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии номбурда, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, сармоягузорӣ ва кишоварзӣ мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати таҳияҳои лоиҳаҳои муштарак дар бахши кишоварзӣ, ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули фаъоли афкор сурат гирифт.