30 апрели соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Муҳаммад ал-Бадриро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Сафири Миср паёми хаттии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Сомеҳ Шукриро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Дар рафти суҳбат самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Миср дар марҳалаи муосир ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, ба хусус дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар атрофи вазъияти Шарқи Наздик, масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва чолишҳои дигари амниятӣ табодули назари судманд сурат гирифт.